Ru  | Tj
Осиёи Марказӣ дар пайи рушди ҳамгироӣ ва эҷоди эътилофи минтақаист
Осиёи Марказӣ дар пайи рушди ҳамгироӣ ва эҷоди эътилофи минтақаист
Аксҳо: аз манбаъҳои боз

Осиёи Марказӣ дар пайи рушди ҳамгироӣ ва эҷоди эътилофи минтақаист

Нашр шуд

Иттифоқоти ахир дар равобити ҳамсоягони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо гуфтугӯйи фаъол дар болотарин сатҳ ва руҳияи эътимоду ҳимояти мутақобил қарор дошта, ба сатҳи бесобиқа рушд меёбад.

Таҳкими ҳамкориҳои ҳампаймонӣ чӣ паёме дорад ва то куҷо намоди гузариш ба марҳалаи ҷадиди равобит байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аст? Ва ё дар шароити кунунӣ дастёбӣ ба як ҳамгироии муассиру муваффақ байни кишварҳои минтақа, сарфи назар ба чолишҳои мавҷуд, имкон дорад?

Роҳбарони Тоҷикистону Узбекистон дар Душанбе ва сарони Қирғизистону Қазоқистон дар Остона (18 ва 19-уми апрел) тавофуқномаҳои “таърихӣ” дар бораи густариши равобити ҳампаймонӣ (эътилофӣ) байни ҳамдигарро имзо карданд, ки қаблан миёни ин кишварҳо созишномаи “шабеҳ” вуҷуд надошт. Мутобиқи арзёбиҳо, чунин муоҳида як лаҳзаи пешрафт буда, омили муҳимме дар тақвияти сулҳу субот ва раванди таҳаввулоти минтақаи Осиёи Марказӣ буда, зоҳиран ин хат идома хоҳад ёфт. Зеро шумори бозигарони фароминтақаӣ дар ин майдони шатранҷ кам набуда, рӯ ба афзудан дорад. Ва ин як заминаи умумӣ аст, ки ҳамсоякишварҳо кӯшиш доранд муносибатҳоро муътадил гардонанд, чун изҳор мекунаннд, ки “мо бо ҳампаймонҳо бо як роҳ пеш рафта истодаем”.

Ба назари огоҳони масоили минтақаӣ, ин тавофуқнома ҳамчунин тақвияти иртиботи иқтисодии ду кишварро “аз тариқи эҷоди шароити мусоид барои дастрасии мутақобила ба колоҳо, хадамот ва сармоягузориҳо, ҳифозат аз онҳо дар қаламрави кишварҳои худ ва иҷрои тарҳҳои сармоягузории муштарак аз қабили сохти неругоҳҳои барқобӣ” фароҳам мекунад. Ва бо иҷрову жарфтар шудани санадҳои ҳампаймонӣ, таъсираш ба формати панҷгона расида, тамосҳои минтақаӣ равнақ меёбад. Тарафайн дар Душанбе ва Остона тавофуқ карданд, ки гардиши тиҷорати худро дар солҳои оянда ба ду милярд долар афзоиш медиҳанд. Ва чунин талошҳо дар пешорӯйи дидори шашуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки имсол дар Остона баргузор мегардад, паёмест аз эҳёи эҷоди эътилофи минтақаӣ, ки се даҳа боз Қазоқистон дар ин замина талошҳое кардааст.


ҶАМЪИЯТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ БА 100 МИЛЁН МЕРАСАД

Таҳлилгарони Бонки тавсеъаи Авруосиё Осиёи Марказиро минтақаи дорои зарфиятҳои баланд бо Маҷмуъи маҳсулоти дохилӣ ҳудуди 347 милярд долар ва ҳудуди 80 милён нафар аҳолӣ арзёбӣ мекунанд, ки афзоиши аҳолӣ динамикаи суръатбахшии рушди минтақаро равшан бозтоб медиҳад.

Ба гуфтаи коршиносон, рушди демографӣ ба рушди иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ мусоидат мекунад. Яъне афзоиши аҳолии ин минтақа бозори васеъи фурӯш ва захираи афзояндаи корро ба вуҷуд меорад. Кишварҳои минтақа бартарии бузург – сармояи инсонӣ доранд ва ҳукумати кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд тамоми шароитро барои беҳбуди он фароҳам оваранд, то ба фақру мушкилоти иҷтимоъӣ дучанд нашавад.

Бешак, ҳамбастагии кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки фазои гуфтушунид ва муносибати дӯстона байнашон рӯ ба густариш аст, ба марҳилаи комилан нав баромада истодааст. Дар ин миён тамоюл ба ҳамгироӣ нигоҳи мусбатро касб карда, ин раванд дар сатҳи минтақаӣ боиси ташаббусҳои нав шуда метавонад. Ва чунин талошҳои аввалия умедеро байни ҳамсоякишварҳо барои ислоҳ ва беҳбудии мавқеъият зинда мекунад. Чун ҳоло ҷамъияти Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзудан буда, тибқи маълумоти СММ аз 79 милёни феълӣ то соли 2050 ин рақам аз 100 милён нафар мегузарад.

Дар робита ба таҳкими робитаҳои неки ҳамсоягӣ таҳлилгар Нуралӣ Давлат мегӯяд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд ҳамкории минтақаиро бо таваҷҷуҳ ба зарфият ва манобеъи дохилӣ, бидуни дахолати қудратҳои берунӣ тақвият диҳанд он гоҳ раванди ҳамгироӣ асарбахш хоҳад шуд.


“Равобити неку ҳасана доштан бо ҳамсояҳо кори хуб аст. Кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд дар мадди аввал ҳамкориҳои иқтисодиро пеш гузоранд, зеро даҳҳо милён нафар дар ин минтақа зиндагӣ доранд ва захираҳои бузурги нафту газ ва об вуҷуд доранд. Кишварҳои болооб ба мисли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон аз захираи об ғанӣ ҳастанд ва дар натиҷаи сохтани неругоҳҳои бузурги “Роғун” ва “Қамбарота” метавонанд барқи худро ба кишварҳои ҳамсоя интиқол диҳанд ва аз он Узбекистону Қазоқистону Туркманистон нафту газ содир кунанд”, - гуфт таҳлилгар Нуралӣ Давлат.
Дарвоқеъ сухан дар бораи бақои кишварҳои минтақа ба унвони фаъолони мустақили иқтисодӣ ва сиёсӣ аст. Кишварҳои минтақа бояд аз лиҳози иқтисодӣ қобилияти рақобати баробарро дошта бошанд, то дар шароити тағйироти геополитикии ҷаҳонӣ, ки бештари маврид боиси эҷоди ҳарҷу марҷ мешаванд, пойдору босубот бошанду зери сояи қудратҳои нарми минтақа қарор нагиранд.

Ба андешаи устоди Донишгоҳи миллӣ, сиёсатшинос Амриддин Шарипов ин рӯзҳо кишварҳои  Осиёи Марказӣ ба дарки аҳамияти ҳамгироӣ муваффақ шуда истодаанд ва ин марҳила метавонад, ки замина ва фазои навро барои рушди ҳамкориҳои мутақобила фароҳам оварад.


“Дар замони муосир, ки як қутбгароии шадид байни Ғарбу Шарқ ба назар мерсад, бояд дарк кард, ки минтақа дар интихоби дуроҳа истода, зери фишори қудратҳо қарор дорад. Ва яке аз посухҳои беҳтарин ба чунин талошҳо дастёбӣ ба як ҳамгироии жарфу муассир дар дохили худи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Аз ҷониби дигар кишварҳои минтақа дар баробари рушди ҳамкории минтақаӣ ба сиёсати дарҳои боз ва сиёсати бисёрсамтаи хориҷӣ таваҷҷуҳи хоса медиҳанд. Зеро мусаллам аст, ки имрӯз яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дуҷонибаи ҳар як кишвари минтақа рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ, саноатисозии босуръат, ислоҳот дар заминаи иқтисод ва иҷтимоъиёт, татбиқи навоварӣ ва усулҳои нави истеҳсолот ва “энержии сабз” мебошад. Ва мусаллам аст, ки дар ҷаҳони муосир чунин захираҳо танҳо дар ихтиёри баъзе кишварҳои абарқудрат аст ва агар кишварҳои минтақа хоҳанд, ки ба он даст ёбанд, пас бояд бо тамоми қудратҳои минтақаиву ҷаҳонӣ муносиабтҳои неку самаранок ва мутақобила дошта бошанд. Яке аз платформаҳое, ки метавонад мавқеъи кишварҳоро дар баробари дастёбӣ ба ҳадафҳои роҳбурдӣ, манфиатҳои миллӣ ва истодагарии муваффақ дар баробари хатарҳои муосир фароҳам оварад, ҳамгироии минтақаӣ ба шумор меравад”, - афзуд Амриддин Шарипов.
ОБ АЗ ОМИЛИ ХАТАРЗО БА ОМИЛИ МУТТАҲИДКУНАНДА ТАБДИЛ МЕЁБАД?

Гуфта мешавад, зерсохтҳои таробарӣ (нақлиётӣ)-ву энергетикӣ дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, ки аз замони Шуравӣ ба мерос мондааст, кишварҳои минтақаро бештар ба ҳамдигар вобаста мекунад, ки ин амр бахусус дар соҳаи энержӣ ва истифодаи об эҳсос мешавад.

Ба назар мерасад, ки камбуди об дар ояндаи наздик танҳо бахше аз мушкилот дар Осиёи Марказӣ аст. Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон тобистони соли пор гуфт, ки сатҳи об дар рӯдҳои Сир ва Ому то соли 2050 беш аз 15 дарсад коҳиш меёбад. Ва барои ҷилавгирӣ аз буҳрони шадиди об ва фоҷиаи зистмуҳитӣ дар минтақа байни кишварҳои минтақа дар заминаи истифодаи муштарак аз манобеъи об дар бахшҳои иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ тавофуқоте ҳам ҳосил шудааст.

Ҳоло тарҳи сохти ҷӯй (канал)-и Қӯштеппа, ки дар натиҷа ба коҳиши оби рӯдхонаи Ҷайҳун (Омударё) меорад, дардисарҳоеро барои Туркманистону Узбекистон эҷод кардааст ва сарони ин кишварҳо аз Толибон хостаанд, то дар истифода аз манобеъи оби табиъӣ муштаракан ниёзҳои ҳамаи ҳамсоягонро дар назар гиранд.

Ин ду кишвари поёндаст башиддат вобаста ба оби рӯди Ому ҳастанд, ки дар болодаст тавассути Афғонистон дар канори назорати оби ин рӯдхона тавассути садди бузурги неругоҳи “Роғун”-и Тоҷикистон ва назорати оби рӯди Сир тавассути сади “Қамбарота”-и Қирғизистон башиддат кишварҳои поёноби ҳавзаи обрези Арал назири Узбекистон ва Туркманистонро нигарон кардааст. Ин дар ҳолест, ки вазъияти тақсими оби Ому ва саҳми Афғонистон аз баҳрабардорӣ ва истифода аз ин ҷӯй мушаххас нест.

Дар ростои чунин чолишҳои мавҷуд ҳоло як навъ ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ дар тарҳҳои энержии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба миён омадааст. Миёнаҳои моҳи апрели соли равон мақомоти Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон барои муштаракан сохтани неругоҳи барқобии мавсум ба “Қамбарота-1” бар рӯйи рӯдхонаи “Норин” дар қаламрави Қирғизистон тавофуқ карданд.

Талоши ин се кишвар барои бунёди ин неругоҳ дар ҳолест, ки тарҳи “Роғун” ба унвони бузургтарин ниругоҳ дар минтақа дар ҳоли сохтан дар Тоҷикистон буда, интизори мусоидатҳои молии ҷаҳонӣ аст. Ва то кунун Бонки тавсеъаи Осиё, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки сармоягузори зерсохтҳои осиёӣ, сандуқи ОПЕК ва бунёди тавсеъаи Саудӣ барои сармоягузорӣ дар сохти «Роғун» алоқа нишон додаанд. Неругоҳи мазкур дар сурати роҳандозии комил ниёзҳои манотиқи шимоли Афғонистон ва Покистон ва манотиқе дар Қирғизистону Узбекистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя ба барқро таъмин хоҳад кард.


Ҳоло пурра муваффақ нашудани кишварҳо ба бунёди созмони муташаккили минтақаӣ дар самти ҳамгироӣ аз фаъолияти “самаранок”-и кудратҳои гетосиёсӣ ва омилҳои мушкили дохилӣ иборат буданд. Яке аз омилҳое, ки пештар кишварҳои абарқудрат ҳамчун як омили мутазод дар равобити байни кишварҳои минтақаи истифода мекарданд омили об буд.

Таҳлилгари умури сиёсӣ Амриддин Шарипов дар робита ба сиёсати манобеъи обӣ дар минтақа изҳор дошт, ки ҳоло баръакс бо сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дипломатияи об ҳалли мусолиҳатомези мушкилоти марбут ба об дар заминаи созиш ва тавофуқот ба он оварда расонд, ки об аз як омили хатарзо ба як омили муттаҳидкунанда дар минтақа табдил шавад. Ва ҳоло кишварҳои абарқудрат мехоҳанд, ки тавассути бозигарони дигар бо бунёди ҳамин тарҳҳои гуногуни бузург ба ин масъала таъсир расонида, якдифаҳмиву фазои мусоиди ҳамкориро дар минтақа барбод диҳанд. Дар марҳилаи кунунӣ танҳо талошҳои дастҷамъона ва ҳамоҳангшуда метавонад кишварҳои минтақаро ба як рушди ҳамкориҳои мутақобила ва дастрасӣ ба манфиатҳои умумӣ расонад.

Воқеъан имрӯз Осиёи Марказӣ марҳалаи дигаргуниҳои бузургро пушти сар мегузорад. Кишварҳои минтақа дар сиёсати хориҷии худ ба дипломатияи чандҷониба такя карда, мехоҳанд бо сиёсати мустақилона, фаъолона пайи тавсеъи иқтисод бошанд. Ба ин васила бо назардошти ҳифзи манофеъи миллӣ ба дурнамои равобити ҳамгироӣ дастёб шуда, дар пайи тавсеъаи фаъоли равобит бо ҳамаи кишварҳои пешрафта бошанд.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед