Ru  | Tj
Интихоботи “ғулпайкар”-и Ҳинд чӣ таъсир ба Осиёи Миёна дорад?
Интихоботи “ғулпайкар”-и Ҳинд чӣ таъсир ба Осиёи Миёна дорад?
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Интихоботи “ғулпайкар”-и Ҳинд чӣ таъсир ба Осиёи Миёна дорад?

Нашр шуд

Дар Ҳиндустон рӯзи 19-уми апрел бузургтарин ва гаронтарин интихобот дар ҷаҳон оғоз шуд ва қарор аст райъгирӣ рӯзи 1-уми июн хотима ёфта, шумориши оро 4-уми июн ба анҷом расад. Дар интихоботи Ҳинд 970 раъйдиҳанда 543 намояндаи парлумонро интихоб хоҳанд кардШиркати наздик ба як милярд райъдиҳанда расонаҳоро бар он во доштааст, ки интихоботи парлумонии Ҳиндустонро “ғулпайкар” тавсиф кунанд.

МОДИИ МИЛЛИГАРО ОЁ ПИРӮЗ МЕШАВАД?

Интихоботи феълии парлумонии Ҳиндустонро навъе ҳамапурсӣ дар хусуси ояндаи ҳукумати Нерандро Модӣ медонанд. Нерандро Модӣ, сарвазири феълии Ҳинд бори севум аст, ки барои ба даст овардани курсии нахуствазирӣ мубориза мебарад. Агар ҳизби миллигарои ӯ дар ин интихобот пирӯз шавад, ӯ мисли Ҷавоҳирлаъл Неҳру бори севум ба маснади нахуствазирӣ такя хоҳад зад.

Тибқи назарсанҷиҳо, ҳизби миллигарои Боҳоротиё Ҷоното бо раҳбарии Нерандро Модӣ дар интихобот аз рақибони худ  маҷмуъаи эътилофи аҳзоби мухолиф пешсаф аст.

Нерандаро Модӣ бо сиёсати миллигароӣ ва меҳвар қарор додани сиёсати иқтисодӣ дар байни мардум аз маҳбубияти хос бархурдор аст. Ҳинд дар замони раҳбарии ӯ дараҷаи рушди сареъи иқтисодӣ дошта, дар ин сол аз нигоҳи рушди иқтисодӣ аз Бритониёи Кабир пеш гузашт. Ҳоло панҷумин кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафтаи ҷаҳон ба шумор меравад.

Модӣ дар сиёсати хориҷӣ бар хилофи нахуствазирони қаблии Ҳинд сиёсати тавсеъа ва ҳамкории роҳбурдӣ бо кишварҳои ғарбӣ ва шарқиро асос қарор дод. Гуфта мешавад, дар замони раҳбарии ӯ Ҳинд мақоми вижа дар созмонҳои бузурги ҷаҳонӣ ба даст оварда, дар бисёре баҳсҳо ва гуфтугӯҳои байнулмилалӣ садои расо доштааст. Ҳинд маҳз дар ин замон узви Созмони ҳамкориҳои Шангҳай шуд ва бар созмони БРИКС низ аз мавқеъияти хубе бархурдор аст.

Мухолифони Нерандро Модӣ сиёсати миллигароии ӯро таҳдиди ҷиддӣ ба озодӣ медонанд ва мегӯянд ин равиш ба мардумсолорӣ (демократия) ва бунёди секулории Ҳиндро таҳдид мекунад. Модӣ бузургтарин маъбади ҳиндувонро дар рӯйи харобаҳои масҷиде бунёд кард, ки замоне онро мусулмонон бунёд карда буданд. Ӯ нисбат ба мусулмонон назарҳои мухталифе баён карда, ки мухолифин онро табъиз ва барангехтани ихтилофоти ақаллиятҳои миллӣ донистаанд. Кристов Ҷоферлот, пажуҳишгари улуми сиёсӣ мегӯяд: “Модӣ тарҳи фикри бисёр иқтидоргароёна дорад. Ӯ ба мардумсолорӣ эътиқоде надорад. Ӯ ба низоми парлумонӣ эътиқоде надорад”.


Нерандро Модӣ ба ин бовар аст, ки Ҳинд ниёзманди мардумсолории тағйирпазир аст. Вай дар нишасти сарони аҳзоб дар бораи мардумсолорӣ гуфт: “Ҳинд натанҳо ба орзуи 1,4 милярд ҷамъияташ ҷомаи амал мепӯшонад, балки ба ҷаҳоне навид медиҳад, ки мардумсолорӣ густариш меёбад, қудрат мегирад”.

Агар Нерандро Модӣ ин бор ҳам барандаи интихоботи парлумонӣ шавад, давраи севум нахуствазири Ҳинд хоҳад шуд. Ҷаврҳирлаъл Неҳру аввалин нахуствазири Ҳинд аст, ки се давра, яъне 16 солу 9 моҳи мутаволӣ нахуствазир будааст.

РАҚИБОНИ МОДӢ – ПАРЧАМБАРДОРИ МАРДУМСОЛОРӢ

Чолиши асосӣ дар интихоботи парлумонӣ барои Нерандро Модӣ эътилофи аҳзоби дигарандеш ба раҳбарии бузургтарин ҳизби мухолиф Ҳизби конгресси милли Ҳинд аст. Раҳбарони асосӣ дар ин гурӯҳ Азмиликорҷан Каҳрагӣ, раиси Ҳизби конгреси миллӣ, Роҳул ва Париёнко Гондӣ – хоҳар ва бародаре, ки падарашон Роҷив Гондӣ, нахуствазири собиқ буд. Модари онҳо Суниё Гондӣ роҳбари қудратманди мухолифин аст, вале дар ин интихобот чандон фаъол набуд. Афзун бар ин Ҳизби мардуми оммӣ, ки ҳокими Деҳлӣ аст, узви эътилоф мебошад. Эътилофи мазкур афзоиши ҳуқуқи занон, сохтани 3 милён ҷойи кор, ҷилавгирӣ аз “ларзиши Ҳинд ба сӯйи худкомагӣ”-ро ҷузъи барномаи интихоботӣ қарор додааст. Яке аз раҳбарони мухолиф – Пӣ Чидомбор, ки вазири молияи пешин буд, дар хитоб ба тарафдоронаш гуфтааст, ки ба Ҳизби Боҳоротиё Ҷото раъй надиҳанд, чаро ки “як забон, як фарҳанг, як низому як коғаз”-ро ба ҳама таҳмил мекунад.

ҲАМА ЧИЗ ДАР БОРАИ ГАРОНТАРИН ИНТИХОБОТИ ҶАҲОН

Интихоботи Ҳинд дар миқёси ҷаҳонӣ таърихӣ ва беназир аст. Аз Ҳимолой то Уқёнуси Ҳинд дар ҷануб, аз теппаҳои Шарқ то биёбонҳо дар Ғарб, аз бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳон то кӯчактарин рустоҳо 969 милён райдиҳанда дар интихобот ширкат хоҳад кард. Онҳо 443 сиёсатмадорро барои узвият дар маҷлис интихоб мекунанд.

Раванди интихобот аз 19-уми апрел оғоз ва 82 рӯз идома меёбад. То замони поёни интихобот ва интихоби нахуствазири ҷадид, Нерандро Модӣ наметавонад сиёсати ҷадидеро пиёда кунад.


Роҷив Кумар, раиси Кумисюни интихоботи Ҳинд мегӯяд, раъйдиҳӣ аз 19-уми апрел оғоз мешавад ва дар 1-уми июн пойн меёбад. Шумориши оро 4-уми июн анҷом хоҳад ёфт.

Дар таърихи Ҳинд интихоботҳо дар солҳои гуногун ба муддатҳои гуногун баргузор шудаанд: кӯтоҳтаринаш 4 рӯз (соли 1980), дарозтар – 39 рӯз (соли 2019) ва дарозтарин – 44 рӯз (соли 2024).

Шумораи раъйдиҳандаҳои Ҳинд аз маҷмуъи ҷамъияти тамоми кишварҳои аврупоӣ бештар аст. Кумисюни интихобот 15 милён корманди марказҳои раъйгирӣ ва амниятиро барои баргузориии интихобот масъул кардааст.

Интихоботи феълии Ҳиндустон гаронтарин интихобот дар ҷаҳон аст. Як созмон, ки ҳазинаҳои интихоботҳоро ҳисоб мекунад, ба “Ал-Ҷазира” гуфтааст: “Ҳазинаи аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳо барои ҷалби назари раъйдиҳандагон беш аз 14,4 милярд долар хоҳад буд. Ин ду баробари харҷи интихоботи соли 2019 дар Ҳинд аст, ки он вақт 7,2 милярд долар сарф шуда буд.

Ҳинд як демократияи чандҳизбӣ аст. Дар ин кишвар 2660 ҳизби сиёсӣ расман фаъолият мекунанд. Дар соли 2019 ҳафт ҳизби миллӣ, 43 ҳизби иёлатӣ ва 623 ҳизби сиёсӣ ба расмият шинохтанашуда дар интихобот ширкат карданд. Аҳзобе, ки ради пойи қобили таваҷҷуҳе дар як маҷлиси қонунгузории иёлатӣ доранд, ба унвони ҳизби иёлатӣ шинохта мешаванд. Касоне, ки дар чандин иёлат ҳузури маънодоре доранд, барчасби ҳизби миллиро дарёфт мекунанд. 612 милён кас аз 912 милён воҷиди шароит дар интихоботи гузашта раъйи худро ба сандуқ андохта будаанд, ки болотарин мизони мушорикати райдиҳандагон дар таърихи сиёсии Ҳинд буд.


ИНТИХОБОТ БА ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЧӢ ТАЪСИР ДОРАД?

Ҳинд, ки дар ҷаҳон сиёсати иқтисодмеҳварро чун василаи густариши нуфузи худ интихоб кардааст, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар замони ҳукумати Нерандро Модӣ таваҷҷуҳи Ҳинд ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар шуд. Нахустин маротиба формати гуфтугӯии “Панҷ бар иловаи як” аз сӯйи сарвазир Нерандро Модӣ роҳандозӣ шуд, ки ҳадафаш густариши равобити сиёсиву иқтисодӣ ва низомӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Нерандро Модӣ дар нахустин нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби “Панҷ бар иловаи як” гуфта буд, ки “дар маркази дидгоҳи Ҳинд сиёсати ҳамгироӣ ва босубот қарор дорад. Нигаронӣ ва мавзуъоти мо дар хусуси амнияти минтақа якест. Ҳамаи мо нигарони таҳаввулоти Афғонистон дар робита ба мавзуъи ҳаросафканӣ ҳастем. Ҳамкорӣ байни Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Марказӣ барои субот ва амнияти миртақа муҳим шудааст”. Осиёи Марказӣ барои Ҳинд аҳамияти роҳбурдӣ дорад. Аз ин сабаб талош мекунад, ки дар ин кишварҳо сармоягузорӣ кунад. Тарҳи бандари тиҷоратии Чоҳабор, ки Осиёи Марказиро аз тариқи Афғонистон ва Эрон ба Ҳинд мепавандад, яке аз самтҳои муҳими ҳамкории иқтисодии ин кишвар аст. Аз ин нигоҳ интихоботи парлумонӣ ва интихоби сарвазири нав дар Ҳиндустон метавонад рӯйи ҳамкориҳои минбаъда таъсир бигузорад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед