Ru  | Tj
25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шуд
Акс: ИЗВЕСТИЯ/Дмитрий Коротаев

25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон шуд

Нашр шуд

Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласаи ахири худ нахустин ташаббуси байналмилалии Рустами Эмомалӣ, раиси Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистонро пазируфт. Ҳамин тариқ 25-уми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки Рустами Эмомалӣ, раиси Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва раҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон аввалин бор 10-уми феврали соли ҷорӣ пешниҳод намуд, ки нақши футбол дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шуда, тавассути қабули қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад.

Дар қатъномаи қабулшуда аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузарондани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид гардидааст.

Қатънома инчунин нақши бунёдии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва нақши муҳими федератсияҳои футболро дар сатҳҳои минтақавӣ ва миллӣ, инчунин ассотсиатсияҳои марбутаи онҳоро дар пешбурди бозии футбол баланд арзёбӣ менамояд.

Дар бахши амалиётии қатънома аз ҳамаи кишварҳои узв ҷиҳати дастгирии варзиш, аз ҷумла футбол, ки нақши он ҳамчун воситаи мусоидат барои таъмини сулҳ, рушд, тавонмандсозии занону духтарон ва ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин мусоидат ба фарогирии иҷтимоӣ, муколамаҳои байнифарҳангӣ ва байни тамаддунҳо назаррас аст, даъват ба амал оварда шудааст.

Бад-ин тартиб Маҷмааи Умумии СММ қарор қабул кард, ки рӯзи 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон карда шавад, зеро соли 2024 садсолагии аввалин мусобиқаи байналмилалии футбол, ки бо иштироки намояндагони тамоми минтақаҳо дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1924 дар шаҳри Париж баргузор гардида буд, ҷашн гирифта мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед